Предыдущая публикация
🌎🌐КОШОНАИ  ШАХЛО🔰🔰🌹

🌎🌐КОШОНАИ ШАХЛО🔰🔰🌹

25 июл

Рачабали Фаизуллоев

АРУСИ 22-СОЛА
( қисса) қисми 3
Масъалаи ташкил кардан ва гузаронидани туи ману модарамро дар ҳақиқат ба андешаҳои бесарунук бурд.Ҳамсояҳои мо дар тӯйҳои фарзандонашон шукӯҳу дабдаба ва масрафҳои зиёде мекунанд.Туи дар хона як тараф, боз шаҳу арӯсро дар тарабхонаҳо бурда зиёфат медиҳанд ва базму бози ташкил карда, ҳофиз меоранд.Ана ҳамин хароҷотҳои беҳуда умуман ба мо мардуми камбизоат маъқул нест.
Бегоҳи ба хонаи амакам Шодибои рафтам.Азбаски ҳавои бегоҳи гарми зиёд буд, онҳо болои кати ҳавли нишаста, истироҳат мекарданд.
- Биё- биё Нуроншоҳ шамоли куҷо паронд?- амакам маро дида аз болои кат нимхез шуда ба бари худ шинонд ва ба ҳолпурсӣ даромад.
- Шукр мо нағз, сиҳату саломат, гуфтам як хабар гирифта Шуморо бинам.
- Хуб кардед, аз вақте падарро аз даст доден, хонаи мо кам меоед- табассумкунон гуфт амакам.
- Хабар гирифтани оилаи бародари марҳумат вазифаи инсонии Шумо аст, амак,- хандида гуфтам ба амак.
- Рост мегӯи ҷиян, хешутабори низ оҳиста- оҳиста аз байн рафта истодааст, хаир бигу, каи зан мегири, янгаам келиндор шавад?
- Ман низ барои ҳамин омадам, як духтари хуб ёфтам, ҳамроҳи модарам рафта маслиҳат кардем, рози шуданд, аммо масъалаи ҳаққи шири духтар ману модарамро каме дар ташвиш гузоштааст, модарам мегӯяд, рафта аз бонк қарз бигир, баъд оҳиста- оҳиста қарзашро мекани
- Ту ҷиян дар ин масъала фикри бисёр макун,ман ба ту қарз медиҳам, онҳо қалинги духтарашонро чанд мегӯянд?
- 25 ҳазор сомони.
- Хонаи арусат каи меравед?- пурсид амакам.
- Ҳамин ки маҳри духтарро паидо кардем, дарав меравем.
Янгаам бароям як коса шурбо оварда, дар наздам гузошту " кани гир,акнун оиладор мешави"- гуён хандида ҳамроҳи шавҳараш аз сари дастархон хеста ба хонаи алоҳида рафтанд.Дар дилам рафт, ки амакам барои пул овардан аз сари дастархон хестааст.
Тахминам рост баромад. Пас аз даҳ дақиқа дар дасташ як миқдор маблағи пули ба наздам омаду бандчаи пулро ба ман дароз карда гуфт:
- Ҷиян, ман пулро овардам, 25 ҳазор сомони, ин қарзи амакат ҳаст, каи хости, мегардони, дар масъалаи ҳамсари ояндаат корро таъхир накунед, пагоҳ янгаамро гиру хонаи духтардор равед, рузи гузаронидани маъракаи туиро аниқ кунед,- таъкид кард амакам Шодибои.
Аз хонаи амакам хурсанд ба хона омадам.Дар ҳақиқат "амак ба ҷои падар аст",- мегуфтанд рост будаст.Аммо на ҳар амак мисли амаки ман аст.
Модарам маблағи додаи амакамро дида хурсанд шуд.
- Писарам шарт нест, дигар аз ягон бонк пул қарз гири, Худо баракат диҳад амаки Шодибоиро мушкили хонаводагии моро ҳал кард.
Акнун бе ягон дудилагӣ Гулру аз они ман мешавад.
Як рӯз баъд ба хонаи холаи Руқия ҳамроҳи модарам рафтем.Соҳибхона моро нағз истиқбол гирифт.Мо дар хона нишаста, хеле сӯҳбат кардем.Гулру дар паҳлуи модарам нишаста ба модарам чои мекашиду суханҳои модарамро бо завқ гӯш мекард.Ман ба ҳусну ҷамоли ӯ нигариста, хурокхуриро низ фаромӯш карда будам.
- Хола ин писарат чизе нахӯрда, фақат маро нигоҳ мекунад,- бо як табассуми зебанда шармида мегуфт Гулру
- Писарам аз вақте туро дид ва ба ту мулоқот кард, ошиқат шудаст,- тарафи келини ояндааш мегуфт модарам.
Мо то нисфирӯзи дар хонаи қудои нав будем.Бо ҳамсари ояндаам чанд маротиба аз меҳмонхонаашон баромада гапзанон гирду атрофи ҳавлияшонро тамошо кардем.
Вақти ба хона баргаштан рӯзи тӯйро ба якшанбеи ҳафтаи дигар мондем.
( давом дорад)

Комментарии 3

R A J A B 95
R A J A B 95
Рахмат апаи Шахлохон боз давомашро интизорем
25 июл
  • Нет комментариев
    Новые комментарии
    Люба Негматова
    Люба Негматова
    Ассалому алейкум давомаша нависид интизорем
    26 июл
  • Нет комментариев
    Новые комментарии
    Шаҳромҷони Туймурод
    Шаҳромҷони Туймурод
    Раҳмат аҷоибу қизиқ гузашсод
    27 июл
  • Нет комментариев
    Новые комментарии
    Новые комментарии
    Для того чтобы оставить комментарий, войдите или зарегистрируйтесь
    Следующая публикация
    Свернуть поиск
    Сервисы VK
    MailПочтаОблакоКалендарьЗаметкиVK ЗвонкиVK ПочтаТВ программаПогодаГороскопыСпортОтветыVK РекламаЛедиВКонтакте Ещё
    Войти
    🌎🌐КОШОНАИ  ШАХЛО🔰🔰🌹

    🌎🌐КОШОНАИ ШАХЛО🔰🔰🌹

    ЛентаТемы 41 390Фото 21 308Видео 1 347Участники 24 949
    • Подарки
    Левая колонка
    Всё 41 390
    Обсуждаемые

    Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного

    Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.

    Зарегистрироваться