Рачабали Фаизуллоев ФАРРОШДУХТАР ( қисса) қисми 2 Утоқи директори мактаб хурдакак бошад ҳам, дар он шкафи зебое бо рафҳои китобҳои соҳави ҳусни онро даҳчанд зиёд мекард.Манро ба стуле шинонда директор дар бораи таърихи мактаб хеле ҳарф зад. - Гӯш кун додар, мактаби мо калон набошад ҳам, дар он бачаҳои шӯху қаисар аҳён- аҳён вомехӯрад.Аз ин рӯ туро лозим меояд, бо онҳо хеле сахтгир бош, то ин ки туро аз рӯзи аввал дида, ҳурмату эҳтиром намоянд.Кори муаллими заҳматталаб аст, меҳнати ҳалол карди, дидадарои мардуми қишлоқ мешави,- маро насиҳаткунон мегуфт директори мактаб. Ман ба суханҳои ӯ гӯш карда, чизе намегуфтам. Вақте ба саҳни ҳавли баромадам, фаррошзанҳо дар харакҳои саҳни мактаб нишаста, маро дида баини худ пичир- пичир мекарданд. - Ин муаллимбача аз кадом фанни таълими дарс медода бошад?- маро нигоҳкунон мегуфт яке аз онҳо. - Ман аз ҳамаи фанҳо дарс дода метавонам,- худро сарбаланд ва бовиқор гирифта, гуфтам ба онҳо. - Э, не, зӯр ку, моро ҳам дарс дода метавони?- аз сухани ман ҳайратзада гашта боз пурсид нафари дигари онҳо. Онҳо посухи маро нигарон нашуда хандиданд. - Ба духтарон аҳамият надеҳ, онҳо шухи мекунанд,- маро аз вартаи хиҷолат баровардани шуда, гуфт директор. - Устод, ман бояд ба шаҳр баргардам, то саршавии соли хониш ҳоло вақт аст,- гуфтам ба сарвари мактаб. - Маилаш, ман аризаатро пагоҳ ба шӯъбаи кадрҳои маориф мебарам, дар масъалаи таъмини хонаи истиқомати бо мудир ҳам гап мезанам,- маро дилбардори карда гуфт директор. Пас аз хайрухуш бо директори мактаб ба мошин нишастам. Соати чори бегоҳи ба хона расидам. Модарам садои ғурриши матори мошинамро шунида,дарвозаи хонаамонро кушод. - Хуш, писарам, ба кор қабул шуди?- маро хушҳол дида пас аз дидорбини пурсид модарам. - Дар қишлоқи Яккатут муаллим шудам,- ба чеҳраи гарми модар нигариста ҷавоб додам ба ӯ - Нағзу, лекин ин Яккатут аз шаҳр хеле дур аст,- кӯ?- ташвишомез гуфт модар. - Мошин дорам,-ку рафта меоям, сони мудиру директор ваъдаи хона кардан, яке соҳиби манзил мешавам. Рӯзи якуми сентябр ба Яккатут баргаштам.Саҳни мактаб пур аз волидайну хонандагон.Ҳама чашмҳо ба сӯи ман.Директор бо оғози соли хониш ва рӯзи Сулҳ ҳамаро табрик гуфта сипас маро бо аҳли ҷамоати ҳозирбудагон шинос кард. Рӯзи нахустини корам то нисфирӯзӣ хуб гузашт.Директор баъди анҷоми дарс маро ба кабинеташ ҷеғ зад. - Ҳусейнзода мо бо падару модарон маслиҳат карда ба ту як хонаи алоҳида ёфтем, ҷои хуб аст, фақат каме таъмиру тармим мехоҳад, ҳозир ба онҷо меравем,- фаҳмонд ба ман директор. Пас аз хӯроки нисфирӯзӣ дар хонаи роҳбарамон ба он хона рафтем.Вақте ба хонаи ваъдаги расидем, духтаре ҷорӯб дар даст, саҳни ҳавлии онро меруфт. - Савронбӣ духтарам монда набошӣ, ҳавли меруби?- духтари машғули корро дида хурсанд шуд директор - Ҳа, устод, падарам супориш додан гирду атрофи хонаро тоза кунам,- ҷоруби калоне дар даст ҷавоб гардонд ӯ Мо хонаро ҳамроҳи директор аз назар гузаронидем. - Маъқул шуд? - Ҳа, устод, маъқул! - Акнун оилаатро меорию зиндаги мекуни! - Устод, мебахшед, ҳоло оиладор нашудаам, нав донишгоҳро хатм кардам, - шармида гуфтам ба директор Савронбӣ,ки дар паси дар ҷумбуҷул дошт, суханронии моро гӯш мекард. - Ҳамааш ба вақту соат, фақат кор кардан лозим, лозим шавад худамон ягон паризодро ёфта медиҳем,- табассумомез гуфт директор Аз иҷорахона баромада ба назди "Мерседесам" омадам.Акнун маро лозим меомад, аз хона ба ин манзили навам курпаю болишт ва дигар ашёи рузгорро кашида биёраму хонаи муфт ёфтаамро таъмир кунам. ( давом дорад)
    8 комментариев
    11 классов
    Телефони падар Шавҳарашро дар як тасодуф аз даст дод. Се фарзанд дошт. Фарзанди калониаш дар синфи сеюм таҳсил мекард. Духтараки доною зирак буд. Шеърро дӯст медошту хуб мефаҳмид. Шуълаи истеъдод дар ниҳоди ӯ нуҳуфта буд. Мисраъҳоро бурро ва ифоданок мехонд. Агар овози хоси дилраси кӯдаконааш намебуд, гумон мекардӣ, ки паси саҳна ровии мумтозе шеър қироат мекунад. Духтарак ҳамеша бо тайёрии хуб ба дарсҳо ҳозир мешуд. Ӯ ҳамеша симои падарашро пеши назар меовард, ҳатто ҳангоми дарсхонӣ ҳам падараш бо ӯ буд. Бо муҳаббат ба ҳамсабақонаш дар бораи падараш қисса мекард. Мегуфт, ки падарам ба дарсхониям ёрӣ мерасонад. Бароям либосу бозича ва қанду ширинӣ мефиристад... Ин ҳоли духтаракро муаллима мушоҳида намуда, ба модараш занг зад: - Духтаратро табобат кун. Доимо дар бораи падараш қисса мекунад. Хуб мешуд ӯро ба равоншинос нишон диҳӣ. Модар дар ҷавоб гуфт: - Агар вақтатон бошад, аз наздик суҳбат кунем. Муаллима розӣ шуд. Онҳо пас аз дарс вохӯрданд. Бо ҳамдигар суҳбат мекарданд, ки нохост телефони зан садо дод: - Ин телефони шавҳари шодравонам аст, - шарҳ дод модар ва паёмаки омадаро боз намуд: «Салом падарҷон. Умедворам, хубу сиҳатманд ҳастед. Имрӯз дарси санъати тасвирӣ доштем. Расми Шуморо кашидам. Қаламҳои рангаам тамом шуд ва расми Шумо берангубор монд. Хоҳиш, ба ман қаламҳои ранга ва як албоми расмкашӣ фиристед». Муаллима ҳам паёмакро хонд. Дар тааҷҷуб афтод. Ҳайрон ба модар нигарист. - Муаллимаи азиз, аз Шумо як хоҳиш дорам. Ман қалам ва албоми фармудаи духтарамро мехарам, фақат Шумо онҳоро ба хонаи ман бурда расонед. Он гоҳ бо чашмонатон асли воқеаро мушоҳида менамоед. Муаллима розӣ шуд. Дарро ба рӯяш духтарак боз кард: - Духтарҷон, фармудаи туро падарат ба дасти ман равон кард. - Ваҳ, падарҷони беҳамтои ман, - гӯён қаламу албомро аз дасти муаллимааш гирифту аз шиддати хурсандӣ гӯё пару бол баровард. Муаллима бо чашмони пурашк баргашта, модарро ба оғӯш гирифту узр пурсид... Гулбаҳор РАҲМОНОВА, «Садои мардум»
    3 комментария
    16 классов
    Бовар ба шаби дигар набошад, Шоми ҳамаро саҳар набошад. Дар дасти ману ту нест тақдир, Аз рӯзи видоъ хабар набошад. Аз мо биравад каси вафодор, Дар пеши аҷал сипар набошад. Зебост агар ту мекунӣ фахр, Савдо ба сари падар набошад. Бо мо накунанд дӯстӣ ҳеҷ, Вақте ки зи мо самар набошад. Оне ки зи баҳри мол шуд дӯст, Дар ҷону дилу ҷигар набошад. Имрӯз салом нест бар он, Гар соҳиби молу зар набошад. Дар давру замони пулпарастӣ Бар меҳру вафо назар набошад. Доим бишавад ба зиндагӣ хор, Ӯро, ки ягон ҳунар набошад. Имрӯз зи Мустақим бишнав, Аз буду набуд ҳазар набошад. 05-09-2025 Мустақим.
    2 комментария
    27 классов
    Гарчанде қаблан нисбати Давлатова Фирӯзамоҳ, сокини 41-солаи ш.Душанбе, барои бадгуфторӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ чандин маротиба чораҳои қонунӣ андешида шуда бошад, ҳам вале мушоҳидаҳо нишон медиҳанд ӯ ислоҳшуданӣ нест. Пас аз корҳои фаҳмондадиҳӣ мутаассифона кирдорҳои номатлуби худро идома дода, пайваста зимни пахши мустақим дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо алфози қабеҳ муошират намуда, вокунишҳои зиёди шаҳрвандонро ба миён овардааст. Вобаста ба ин, нисбати Давлатова Ф., аз ҷониби кормандони Шуъбаи кофтукови ҷиноятии Раёсати ВКД дар ш.Душанбе протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, ба Суд ирсол гардид. Бо қарори Суд нисбаташ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 12-шабонарӯз таъин карда шуд. _____________________________________ @dushanbe_police_tj
    4 комментария
    8 классов
    Назира Атабекова Ривоят: Зан агар шавхараш вафот кунад барои фарзандонаш зиндагиро давом медихад , то ки онхо грусна намонанд , бе падар будагишона хис накунанд. Мард албатта бо тези зан мегирад , лекин байни фарзандону модари угай шуда истодаги вокеаро бехабар мемонад , чунки у марди куча бо кору бору бурдани зиндаги овора аст ва ба росту дуруги зан бовар мекунад . Як шаб Пайгамбарамон салалохи алайхи ва салам хоб мебинанд , ки гуе дар чаннат будиянду яке хофизи Курон кироат мекардаст бо овози мисли булбул форам. Он кас савол мегузоранд , ки ин овози форам аз чи сабаб бошад , ки бисьер хуш аст. Нидо меояд , ки ин фарзанд то дами модараш дар хает будан , дар хизмати модар буду хар бегох пойхои модарашро шуста ба чойгахаш хоб меравонду сархояшро шуста муйхояшро шона мекард то модараш рохат кунад . Анна барои хамин хизматхояш Аллох уро Хофизи Курьон кардааст. Савол ба Шумоен ахли чамоа кадоме аз Шумоен хамин амалхоро нисбати модаратон ичро кардаид ? МАН НАКАРДААМ. Ана дар кучо мехрубонии Аллох барои ба модар хизмат кардан чи гунна мукофотхо дорад. Мо бояд доимо хох писар хох духтар барои хизмат кардан ба модарамон руй нагардонем , чунки ачри хизмати мо нисбати волидайнхо бехисоб аст . ИЛЛОХО ХАР ЯК ФАРЗАНДРО АЗ ДУОИ МОДАР АСЛО КАМ НАКУНАД , ЧУНКИ ЯГОНА ИНСОНЕ КИ БАРОИ ФАРЗАНДАШ ДАСТАШ ДОИМО БА ДУО АСТ.Модарои рафтагиро рухашон аз мо шод бошаду модарони дар хает бударо аз хизмату эхтироми фарзандо кам накунад.
    6 комментариев
    23 класса
    Чаро баъзе зану шавҳар дар пирӣ ҷудо мешаванд?
    12 комментариев
    12 классов
    Чизи қиммат бе ҳиммат! -гуфтани гапо ҳаст. Шумо кадом масалҳоро дар зиндаги ҳаррӯза истифода мебаред? Нодира Мирходжаева
    23 комментария
    13 классов
    Ба мо менависанд. Нома #махфи. Ассаллому алайкум апачон ва кулли ин чо будагон. Номамро барои он махфи мегузорам,ки менталитети точики имконам намедихад худро ифшо созам. Максадам танхо андешаву маслиҳати шуморо шунидан аст. Ман як бор бо сабаби бефарзанди аз шавҳар чудо шудаам.Дуввум бор бо хеши як дугонаам,ки солхо дар Русия кору зиндаги мекунад ва аз занаш чудо шуда тахти сарпарастиаш як духтару як писар дорад,издивоч кардам. Ман худам тахассусам муаллимаи адабиети рус. Шавхарам ваьда кард,ки дар Русия маро хам кор тугри мекунад.Аммо дере нагузашта пайхас кардам,ки ба у танхо хизматгори беминнат лозим будааст,на зан. Ду фарзандаш ба дарачае густоху танбаланд,ки хатто пиелаи чояшонро намегиранд баьди худ,утокхои хобашон пур аз ифлоси. Камтар чангашон кунам,кариб дошта маро лату куб мекунанд.Охир яке 15 сола асту дигари 17 сола. Ин бетарбияхоро хатто модари аслиашон партофта рафта будааст. Ба дарачае дилзада шудам,хаелам ки баромада равам. Аммо боз обруйи падар,модар,акахоямро фикр мекунам. Аз субхи солехон ман ранги хизматгор ба кори хона бандам,ба дилам зад. Чи маслиҳат медихед ???
    7 комментариев
    13 классов
    Дар Бистом як масеҳӣ буд, ки мусалмон намешуд. Мардуми зиёд ҳар чӣ исрор мекарданд, ки ӯ мусалмон шавад, то дар шаҳр масеҳӣ набошад, аммо ӯ қабул намекард. Ӯро назди Боязид оварданд. Ӯ дар ҷавоб ба Боязид гуфт: — Ман дӯст дорам мисли Боязид мусалмон шавам ва гуноҳ накунам, вале худ медонам, ки аз майнӯшӣ даст кашида наметавонам. Эй Боязид, ман бисёр орзу доштам, ки мисли ту мусалмони воқеӣ шавам, вале медонам, ки наметавонам. Ман намехоҳам мисли дигар мардумони шаҳр мусалмон шавам, аммо дурӯғ бигӯяму обурӯи туро барам. Ҳайф нест, ки туро ҳам мусалмон гӯянд, маро ҳам?!! Боязид ашк дар чашм ҷамъ кард ва гуфт: — Брав, "мусалмони воқеӣ" ту ҳастӣ, ки эҳтироми дини маро нигоҳ медорӣ. t.me/azharzoveya
    1 комментарий
    24 класса
    Даъват ба Кастинг: Шансро аз даст надеҳ! Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» дар ҳамкорӣ бо ТВ «Синамо», таҳти коргардонии Муҳаммадрабии Исмоил, рӯи навор овардани филми нави бадеиро бо унвони «Нерӯи ишқ» оғоз мекунад. Дар меҳвари ин филм ишқи пок, самимият, вафодорӣ ва ҳадафҳои созанда қарор доранд. Агар шумо орзуи қадам гузоштан ба саҳнаи синаморо доред — имконияти худро аз даст надиҳед! Барои иштирок дар кастинг: ҷавонписарони синну соли 25 то 30-сола ҷавондухтарони синну соли 20 то 27-сола ро даъват мешаванд. Мӯҳлати ирсоли дархост то 10-уми сентябр! Лутфан акс ва рақами телефони худро ба Telegram-и мо ирсол намоед — мо бо Шумо дар тамос мешавем. Телефонҳо барои тамос: 931 11 55 44 935 54 00 70 939 23 24 23
    2 комментария
    5 классов
Фильтр
Закреплено
  • Класс
  • Класс
  • Класс
  • Класс
Показать ещё