Дуъо ҳангоме, ки боди сахт мевазад Расули Аллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам ҳангоми вазидани боди сахт мегуфтанд: اللهُمَّ إِنِّيْ أَسْأَلُكَ خَيْرَهَا ، و خَيْرَ مَا فِيهَا، و خَيْرَ مَا أُرْسِلَتْ بِهِ و أَعُوْذُ بِكَ مِنْ شَرِّهَا، و شَرِّ مَا فِيْهَا و شَرِّ مَا أُرْسِلَتْ بٍهِ {Бор Илоҳо, аз Ту хубии ин бодро, хубие, ки дар он аст ва ҳар хубие, ки барои он фиристода шудааст, талаб дорам ва ба сӯи Ту аз бадии он, бадие, ки дар он аст ва ҳар бадие, ки барои он фиристода шудааст, паноҳ мебарам.} (Саҳеҳи Муслим, 899)
Комментарии 31
Расули Аллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам ҳангоми вазидани боди сахт мегуфтанд:
اللهُمَّ إِنِّيْ أَسْأَلُكَ خَيْرَهَا ، و خَيْرَ مَا فِيهَا، و خَيْرَ مَا أُرْسِلَتْ بِهِ و أَعُوْذُ بِكَ مِنْ شَرِّهَا، و شَرِّ مَا فِيْهَا و شَرِّ مَا أُرْسِلَتْ بٍهِ
{Бор Илоҳо, аз Ту хубии ин бодро, хубие, ки дар он аст ва ҳар хубие, ки барои он фиристода шудааст, талаб дорам ва ба сӯи Ту аз бадии он, бадие, ки дар он аст ва ҳар бадие, ки барои он фиристода шудааст, паноҳ мебарам.}
(Саҳеҳи Муслим, 899)
Дар ҳадисе омадааст, ки Расули Аллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам аз чанд чиз паноҳ бурданд, аз ҷумла аз дӯсти бад ва гуфтанд:
"الّلهمَّ إِنِّي أَعُوذُ بِكَ مِن خَلِيلٍ مَاكِرٍ عَينُهُ تَرَانِيِ و قَلْبُهُ يَرْعَانِيْ، إِنْ رَأى حسنة، دَفَنَهَا ،و إِذَا رَأى سَيِئَةً أَذَاعَهَا"
{Бор Илоҳо, ба Ту аз дӯсти баду маккор паноҳ мебарам, ки чашмаш маро мебинад ва дилаш мепояд, агар некиеро аз ман дид ӯро мепӯшад ва агар бадиеро аз ман дид, онро ифшо мекунад.}
("Ад-Дуъо"-и Имом Табаронӣ 1339 / Ҳадиси ҳасан аст.)
Асмоа бинти Умайс фармуданд, ки Расули Аллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам ба ман гуфтанд: "Оё калимаҳоеро ба ту биомӯзам, ки ҳангоми сахтӣ ва андӯҳ онҳоро бигӯӣ?" Сипас фармуданд:
"اللهُ اللهُ رَبِّي لاَ أُشْرِكُ بِهِ شَيْئًا"
{Аллоҳ, Аллоҳ Парвидигорам, ба Ӯ чизеро шарик намеорам.}
(Сунани Абудовуд, 1525 / Ҳадиси саҳеҳ аст.)
Аз Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам ворид шудааст, ки ҳангоми васваса шудан дар намоз, бояд шахс чунин бигӯяд:
أعوذ بالله من الشيطان الرجيم
"Аъузу биллаҳи минашшайтонир раҷим", {яъне паноҳ мебарам ба Аллоҳ аз шайтони рондашуда} ва ба тарафи чап себор туф кунад.
Тавзеҳ: Ба тарафи чап бояд каме моил шуд ва тавре туф кард, ки ба намозгузори дар паҳлу буда, озоре нарасад.
(Саҳеҳи Муслим, 2203)
Аз расули Аллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам дуъо барои шахси андӯҳгин ингуна ворид шудааст:
اللهُمَّ رَحْمَتَكَ أَرْجُوْ، فَلَا تَكِلْنِيْ إِلَى نَفْسِيْ طَرْفَةَ عَيْنٍ، وَ أَصْلِحْ لِيْ شَأْنِيْ كُلَّهُ، لا إله إلا أنت.
{Бор Илоҳо, раҳмататро умедворам, маро ба миқдори як мижа задан ба ҳоли худам нагузор ва ҳоли маро неку бикун, нест маъбуди барҳаққе ба ҷуз Ту}.
[Сунани Абудовуд, 5090 / Ҳадиси ҳасан аст.]
Расули Аллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам вақто, ки бо мусофире худоҳофизӣ мекарданд, мегуфтанд:
"اسْتَوْدِعُ اللهَ دِيْنَكَ وَ أَمَانَتَكَ وَ خَوَاتِيْمَ عَمَلِكَ"
{Дин ва амонату хотимаи коратро ба Аллоҳ месупорам.}
[Сунани Абудовуд, 2600 / Ҳадиси саҳеҳ аст.]
Расули Аллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармудаанд:
"Ҳар гоҳе, ки яке аз шумо дар бародари худ чизе (хайреро) дид, ки аз он ба тааҷҷуб омад, пас ба ӯ дуъои баракат кунад."
[Сунани Ибни Моҷа, 3509 / Ҳадиси саҳеҳ аст.]
Тавзеҳ: Дуъои баракат бо равишҳои гуногун гуфта мешавад, масалан бо гуфтани:
اللهُمّ بَارِكْ
{Бор Илоҳо, баракат ато бифармо.}
Ҳангоме, ки шахсе ба ту гуфт, ки туро ба хотири Аллоҳ дӯст медорад, бояд интавр ҷавобаш дод:
"أَحَبَّكَ الَّذِي أَحْبَبْتَنِيْ فِيْهِ"
{Туро он Зоте дӯст бидорад, ки ба хотири Ӯ маро дӯст доштаӣ.}
[Сунани Абудовуд, 2125 / Ҳадиси ҳасан аст.]
Расули Аллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармудаанд: "Ҳангоме, ки яке аз шумо аз хоб бедор шуд, пас бигӯяд:
الحَمْدُ للهِ الَّذِي عَافَانِيْ فِيْ جَسَدِيْ ، وَ رَدَّ عَلَيَّ رُوْحِيْ وَ أَذِنَ لِيْ بِذِكْرِهِ"
{Ситоиш барои Аллоҳ аст, он Зоте, ки дар ҷасадам офият бахшид, рӯҳамро ба ман боз гардонид ва маро иҷозат дод, то зикрашро ба ҷо орам.}
[Ҷомеъи Тирмизӣ, 3401 / Ҳадиси ҳасан аст.]
Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам ҳангоме, ки мурдаро дар қабр мегузоштанд, мегуфтанд:
"بِسْمِ اللهِ و عَلَى سُنَّةِ رَسُوْلِ اللهِ"
{Ба номи Аллоҳ ва бар суннати Расули Аллоҳ.}
[Сунани Абудовуд, 3213 / Ҳадиси саҳеҳ аст.]
Расули Аллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам ҳангоме, ки аз чизе тааҷҷуб мекарданд, мегуфтанд:
"سُبْحَانَ اللهِ"
{Аллоҳро ба покӣ ёд мекунам.}
[Саҳеҳи Бухорӣ, 285
Расули Аллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармудаанд:
"Ҳар касе, ки вузӯъ гирифт ва баъд аз он гуфт:
"أَشْهَدُ أَنْ لاَ إِلَهَ الّإ اللهُ و أَشْهَدُ أَنّ مُحَمّدًا عَبْدُهُ وَ رَسُوْلُهُ"
{Гувоҳӣ медиҳам, ки нест маъбуди барҳақ ба ҷуз Аллоҳ ва гувоҳӣ медиҳам, ки Муҳаммад банда ва фиристодаи Ӯст.}
Барои он шахс ҳашт дари ҷаннат кушода мешавад ва аз кадом даре, ки бихоҳад метавонад дохил шавад.
(Саҳеҳи Муслим, 234)
Дар ривояти Тирмизӣ бошад, дуъои мазкур дар шакли зерин омадааст:
"أَشْهَدُ أَنْ لاَ إِلَهَ الّإ اللهُ و أَشْهَدُ أَنّ مُحَمّدًا عَبْدُهُ وَ رَسُوْلُهُ.
اللهمّ اجْعَلْنِيْ مِنَ التَّوَّابِيِنَ وَ اجْعَلْنِي مِنَ المُتَطَهّرِيْنَ"
{Гувоҳӣ медиҳам, ки нест маъбуди барҳақ ба ҷуз Аллоҳ ва гувоҳӣ медиҳам, ки Муҳаммад банда ва фиристодаи Ӯст. Бор Илоҳо, маро аз ҷумлаи бисёр тавбакунандагон ва аз ҷумлаи бисёр поккунандагон бигардон.}
Барои он шахс ҳашт дари ҷаннат кушода мешавад ва аз кадом даре, ки бихоҳад метавонад дохил шавад.
[Сунани ...Ещё
Расули Аллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармудаанд:
"Ҳар касе, ки вузӯъ гирифт ва баъд аз он гуфт:
"أَشْهَدُ أَنْ لاَ إِلَهَ الّإ اللهُ و أَشْهَدُ أَنّ مُحَمّدًا عَبْدُهُ وَ رَسُوْلُهُ"
{Гувоҳӣ медиҳам, ки нест маъбуди барҳақ ба ҷуз Аллоҳ ва гувоҳӣ медиҳам, ки Муҳаммад банда ва фиристодаи Ӯст.}
Барои он шахс ҳашт дари ҷаннат кушода мешавад ва аз кадом даре, ки бихоҳад метавонад дохил шавад.
(Саҳеҳи Муслим, 234)
Дар ривояти Тирмизӣ бошад, дуъои мазкур дар шакли зерин омадааст:
"أَشْهَدُ أَنْ لاَ إِلَهَ الّإ اللهُ و أَشْهَدُ أَنّ مُحَمّدًا عَبْدُهُ وَ رَسُوْلُهُ.
اللهمّ اجْعَلْنِيْ مِنَ التَّوَّابِيِنَ وَ اجْعَلْنِي مِنَ المُتَطَهّرِيْنَ"
{Гувоҳӣ медиҳам, ки нест маъбуди барҳақ ба ҷуз Аллоҳ ва гувоҳӣ медиҳам, ки Муҳаммад банда ва фиристодаи Ӯст. Бор Илоҳо, маро аз ҷумлаи бисёр тавбакунандагон ва аз ҷумлаи бисёр поккунандагон бигардон.}
Барои он шахс ҳашт дари ҷаннат кушода мешавад ва аз кадом даре, ки бихоҳад метавонад дохил шавад.
[Сунани Тирмизӣ, 55 / Ҳадиси саҳеҳ аст.]
Абуҳурайра разияллоҳу анҳу ривоят мекунад, ки Расули Аллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам бо ман худоҳофизӣ карда, чунин фармуданд:
"أَسْتَوْدِعُكَ اللهَ الذِيْ لاَ تَضِيْعُ وَدَائِعُهُ"
{Туро ба Аллоҳ месупорам, он Зоте, ки амонатҳояш зоеъ намешаванд}.
[Сунани Ибни Моҷа, 2825 / Ҳадиси саҳеҳ аст.]
Расули Аллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармудаанд:
"Нест вузӯъ барои касе, ки дар вузӯъаш номи Аллоҳро нагирифта аст."
(Масалан гуфтани: بِسْمِ اللهِ {Ба номи Аллоҳ})
[Ҷомеъи Тирмизӣ, 25 / Ҳадиси ҳасан аст.]
Тавзеҳ: Дар санади ин ҳадис, ки саҳеҳ аст ё заъиф, аҳли илм ихтилофи назар доранд. Локин аз маҷмуъи суханони аҳли илм ва ривоятҳои ин ҳадис чунин натиҷа гирифта мешавад, ки ин ҳадис ҳасан аст.
Расули Аллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам баъд аз салом додан дар намози витр мегуфтанд:
"سُبْحَانَ المَلِكِ القُدُّوسِ"
{Ба покӣ ёд мекунам фармонровои поку муназзаҳро.}
(Сунани Абудовуд, 1430 / Ҳадиси саҳеҳ аст.)
Тавзеҳ: Дар китоби "Даъавотул кабир" дар ривояти Байҳақӣ (2/436) омадааст, ки Расули Аллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам ин зикрро 3-бор такрор намуда, дар бори 3-юм овозашонро баланд менамуданд.
Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам вақто, ки мехостанд бихобанд, мегуфтанд:
"بِاسْمِكَ اللهُمَّ أَمُوْتُ وَ أَحْيَا"
{Бор Илоҳо, ба номи Ту мемирам ва зинда мешавам.}
Чун аз хоб бармехостанд, мегуфтанд:
"الحَمْدُ لِله الَّذِيْ أَحْيَانَا بَعْدَ مَا أَمَاتَنَا وَ إِلَيْهِ النُّشُوْرُ"
{Ситоиш барои Аллоҳ аст, он Зоте, ки зинда кард моро баъд аз он ки миронид ва ба сӯи Ӯ барангехта мешавем*.}
(Саҳеҳи Бухорӣ, 6324)
* Тавзеҳ: Манзур аз барангехтан, яъне зинда шудан дар рӯзи қиёмат
Аз Абдуллоҳ ибни Зубайр разияллоҳу анҳу ривоят аст, ки чун раъду барқро мешунид, суханашро қатъ намуда мегуфт:
"سُبْحَانَ الَّذِيِ يُسَبِّحُ الرَّعْدُ بِحَمْدِهِ وَ المَلاَئِكَةُ مِنْ خِيْفَتِهِ"
{Поку муназзаҳ аст Зоте, ки раъд Ӯро ба покӣ ёд мекунад ва ситоиши Ӯро мегӯяд ва фариштаҳо низ аз бими Ӯ, ба покӣ Ӯро ёд мекунанд.}
[Адабул муфрад, Бухорӣ, 725 / Ҳадиси саҳеҳ аст.]
Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам ба Абубакри Сиддиқ таълим дода фармуданд, ки бигӯ:
"اللَّهُمَّ إِنِّي أَعُوذُبِكَ أَنْ أُشْرِكَ بِكَ وَأَنا أَعْلَمْ، وَأَسْتَغْفِرُكَ لِمَا لَا أَعْلَمُ"
{Бор Илоҳо, ба дурусти паноҳ мебарам ба Ту аз ин ки ба Ту чизеро шарик қарор диҳам, дар ҳоле, ки ман медонам ва талаби мағфират мекунам аз Ту аз он чизе, ки ман намедонам.}
[Адабул муфрад, Бухорӣ, 718 / Ҳадиси саҳеҳ аст.]
Ҳасани Басрӣ раҳимаҳуллаҳ иршод намудааст, ки дар ҳаққи шахсе, ки соҳиби фарзанд шуд, чунин дуъо карда шавад:
"جَعَلَهُ اللهُ مُبَارَكًا عَلَيْكَ و عَلَى أُمَّةِ مُحَمَّدٍ صلى الله عليه وسلم"
{Аллоҳ ин фарзандро бар худат ва бар уммати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам муборак бигардонад.}
(Китоби "ад-Дуъо"-и Имом Табаронӣ, 945)
Тавзеҳ: Дар бораи табрику таҳният гуфтан ба соҳиби фарзанд, аз Расули Аллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам аҳодиси саҳеҳ собит нашудааст ва ривояти мазкур ҳасан буда, аз тобеъин Ҳасани Басрӣ ва Аюби Сихтиёнӣ ворид шудааст.
Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармудаанд:
"Ҳар гоҳе, ки овози хурӯсро шунидед, фазли Аллоҳро талаб кунед, зеро ки ӯ малоикаро дидааст ва агар фарёдзании харро шунидед, пас ба Аллоҳ аз шайтон паноҳ бубаред, зеро ки ӯ шайтонро дидааст."
(Муттафақун алайҳ, Бухорӣ 3303 ва Муслим 2729)
Тавзеҳ: Талаби фазли Аллоҳ, мисли гуфтани
اللهم إني اسألك من فضلك
ва ба Аллоҳ аз шайтон паноҳ ҷустан, яъне гуфтани
أعوذ بالله من الشيطان الرجيم