Тамоми рӯзҳои сахти мо гузашт,
Набардҳо барои тахти мо гузашт,
Замони қаҳри бахти мо гузашт,
Ту шод бош!
Диёри ранҷдидаам!
Хуни шаҳидако-т дар замин намонд,
Адӯ суруди шодбоширо нахонд,
Ҳазор шукр!
Худо туро ба мақсадат расонд,
Худо маро ба мақсадам расонд.
Ту шод бош!
Диёри ранҷдидаам!
Барои як ваҷаб замини поки ту
Ҳазорҳо нафар зи ҷон бурид.
Ҳазор сина пора шуд,
Ҳазор ҷисму тан дарид.
Вале ба қасди он саге ки хоки ту фурӯхт,
Дубора мардҳои корзори ту,
Дубора парваридаҳои хоки ту,
Ба нархи ҷони хештан туро харид.
Ту шод бош!
Диёри ранҷдидаам!
Кунун ки рӯзи ҷашни туст...
Ба қасди душманони хеш,
Барои ёдбуду шодбуди руҳи он гузаштагони хеш,
Ба ёди тифлакони қаҳрамони хеш,
Ту шод бош!
Диёри ранҷдидаам !
Чӣ хуш ки мустақлии туро
Ба рӯйи хоки поки ту
Тамоми насли боасолатат
Ба ҷашн азму ихтиёр мекунанд,
Ва мустақлии туро барои хеш,
Ба завқ мояи виқор мекунанд.
Ба марзҳои ту зи хишти донишу заковату хирад ҳисор мекунанд.
Туро ба арсаи ҷаҳонӣ номдор мекунанд.
Ягонагиву сулҳро ба ҳар ваҷаб замини ту ба азм пойдор мекунанд.
Ҳамеша ифтихор мекунанд,
Дигар хазон намешавад баҳори ту
Тамоми чор фаслро
Ба рӯйи хоки поки ту чу навбаҳор мекунанд.
Ту шод бош!
Диёри арҷманди ман!
Дигар нагӯямат ки ранҷдидаӣ.
Дигар фақат макони айшу сӯр бош!
Дигар фақат чунин макони хоси нур бош!
Дигар зи ранҷу сӯзу ҷангу қатлу хун ту дур бош!
Дигар барои тоҷикони рӯйи ин замин,
Фақат ту маншаи виқор шав!
Фақат туи азиз ифтихор шав!
Фақат та маншаи ғурур бош!
Дигар ҳамеша Рустамона, зӯр бош!
Ту шод бош!
Ғайратҷон Ҳотамӣ
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 3
Диёри арҷманди ман !
Дигар нагӯямат,ки ранҷидаи,
Дигар фақат макони айшу сур бош!
Дигар зи ранҷу сӯзу ҷангу қатлу хун ту дур бош!
Дигар барои тоҷикони рӯи ин замин ,
Фақат ту маншаи виқор шав!
Фақат туи азиз ифтихор шав!
Фақат ту маншаи ғурур бош!
Дигар ҳамеша Рустамона, зӯр бош!
Ту шод бош!
Ғайратҷон Хотамӣ.