🔰🔰🔰🔰🔰🔰🔰🔰🔰🔰🔰🔰🔰🔰🔰🔰🔰🔰Гирдоби зиндаги (ба дустам апаи Сурайё мебахшам) Муаллиф Шахлои Начмиддин Сурайё ба чехраи ин кудакони аз модар сагера монда менигаристу нолаи дилаш зиёдтар мешуд. Модари онхо се мох пештар ба бемории домана гирифтор шуду хамаги се руз касал шуду бо дили хасрати ин дуеёи фониро тарк намуд.Духтурон гуфтанд ки сабаби марги у пеш аз хама асабонияту гами даруни мебошад. Шавхари Нозанин тули шаш сол аст ки ба мардикори ба шахри Тюмен рафта дигар на уро мепурсаду на пуле ба кудаконаш мефиристад. Нозанин бо кудакони кучакаш намедонист ки дар ин шароити вазнин чи хел кор кунад. Гоххо худ чанд руз гуруснаги кашида ба писараконаш бурдаи нонро хисса карда медод. Гами рузгори камбагалона, гами шавхари бемехр уро бистариву аз пой фитонда буд. Бемориаш дурудароз тул накашид. Вакти марг факат номи шавхарро ба забон гирифт. Хангоми чонкани дастони Сурайёро бусса зада факат зори кард, ки писаронашро ба назди падарашон бубарад. Сурайё баъди маросими чилу соли уро гузаронидан ба харсе чиянояш чипта харида ба чустучуйи бародар рафт. Гумон кард ки мехр дар чашм асту шояд бо дидани писарони зебояш Халимчон дилбедор мешаваду онхоро бо худ гирифта ба воя мерасонад, мехононад. Аммо Халимчон кайхо зани рус гирифта менталитети шаркиёнаашро гум карда буд. Одамро дуст намедошт. Ба овози кудак гашаш меомад. Баробари кудаконашро бо хохараш дидан кавокхояшро гирифта авзояш бечо шуд. Хамсараш онхоро дидан хамоно аз шароити вазнину бепулиашон нолидан гирифт. Сурайё ба зиндагонии сагонаи бародар холу рафтори у менигаристу хеч бовараш намеомад ки ин хамон Халимчони чону чигари ахли оила бошад. Гуйё ки калби уро аз дигар сиришта бошанд. Барои хохару писаронаш як мохишурбои бемаззаро пухту пешашон бо бурда бурда буханкаи сиёх гузошт. Хатто кулчахои ширмоли савготи овардаи Сурайёро руйи дастархон нагузошт. урайё ба хотири иззаи наффси бародарро нарасидан базур як кошук аз ин шурбо хурду дигар таъбаш набардошт. писарони армонии руйи модар ки муштоки дидори падар буданд, ин муносибати сардро дида пушти аммаи дилсуз пинхон шуданд. Аз ин таоми бадбу хатто нимкошукки хам начашиданд. Шаб то субх Сурайёро хоб набурд. Муносибати фарзанди падар асабони карда будаш... Шахри мардум хунсардат мекунад, Шахри мардум рангзардат мекунад. Шахри мардум сардардат мекунад Шахри мардум бедардат мекунад................ Сурайё субх тамоми кахру газабашро фуру бурду гуфт: -Акачон, зани шодравонат вакти марг васият кард ки амонат писаронатро сихату саломат ба наздатон биёрам. Онхоро гиред. Ман гашта ба ватан меравам. Халимчон ки рузи дароз айнак ба чашм, хафтаномахои зиёде наздаш мутолиа мекард, айнакашро яктарафа карду гуфт: -Чи...ман...ту худат медони ки ман шароит надорам. Аллакай ба чунин хомушиву ороми одат кардам. Овози кудак намефорад. -Охир ба ин писараконат чигарбандонат нигар, магар онхо ба ту бегонаанд................Хамин вакт Салимчон сулфакунон омаду гуфт: -Аммачон, дилам бехузур шуда истодааст. Сурайё чолокона уро гирифта ба ташноб бурд. Пешонии кудак мисли оташ тафсон буд. Аз бародараш хохиш кард ки зуд мошини ёрии таъчилиро чег зананд. Духтури ёрии таъчили ба у сузандору гузарониду гуфт: -Зудтар кудакро бурдан даркор ба ташхисси тибби, ягон бемории сирояти буданаш аз эхтимол дур нест.......... Халимчону хамсараш Сурайёро тухмат карданд ки шояд ба воситаи меъдаи кудак ягон маводи мухаддир ба русия оварда бошад. Сурайё аз ин тухмати ногахони девона шуда кудакро худаш ба ташхиси тибби бурд. Шушхояш хунук зада варам карда буд. Бародараш кудакро бурда дар беморхонаи камбизоатон хобонд. Хатто боре аз ахволи чигарбандаш хабаре нагирифт. Ахволи Салимчон дар беморхона соат ба соат бадтар мегардид. Окибат рузе аз иштихо монд. Рагу руяш сап сапед канда кудак базуру нимшунаво модар мегуфт. Ба сурайё гуфт : "Аммачон чаро шумо очама дар сони сапед печонида дар кухи кишлок гур кардед, охир он чо хунук аст, у хунук мехурад"............. Сурайё ки дигар дар бисоташ чизе надошт, розиги дод ки часади Салимчони гурамаргро хамин чо дар мулки бегона гур кунанд. У Каримчону Валичонро гирифта ба ватан бозгашт бо калби гирен...Бародари сангдил хатто ба гусели хохар ба вокзали рохи охан нарафт................. Шахлои Начмиддин. 🍅💓💓🌹🍅🍅🍅🍅🍅💓💓💓💓💓💓💓💓💓
    2 комментария
    4 класса
    Муаллиф Чамила Пулодова ҚИССАҲОИ ЗИНДАГӢ. Муҳаббат дар хонадони холааш, келини аввалини хонадон буду рӯзгори холаашро аз хурдӣ хеле хуб медонист. Холааш Беназир, зани зебою хирадманд бо як духтарчаи 3- сола, ки аз шавҳари аввалааш наосуда буду бо амри тақдир ба ин даргоҳ 20 сол пеш аз Муҳаббат, арӯс мешавад. Арӯси бапою қадам. Шавҳараш марди занмурдаю тақводор дар миёни ҳавлии калон бо 7 нафар фарзандони ноболиғ, ҳайрон мондаю чӣ кор карданашро намедонист. Решаи бибии Бузургхон, хушдоманкалони Муҳаббат ба эшону тӯраҳои Чусту Самарқанд мерасид. Аз ин боис Бузургхон, издивоҷи писари занмурдаашро ба даргоҳи ҳафт пуштаи эшонзодаҳо муносиб медонад. Ҳамин хел, Беназири зебою хирадманд, келини ин даргоҳ мешавад . Ҳафт нафар чӯҷаҳои навболи маҳзунро соҳиби кардан ба гуфтан осон . Беназири тарбия дидаю бо ақлу бофаросат, бо баробари омаданаш, зуд бо ҳафт нафар кӯдак унс мегирад. Онҳо шаш писару як духтарчаи 5 - 6 моҳа ба сӯи Беназир, бо умед нигоҳ мекарданд. Беназир бо ақлу хирад ва рафтораш ба хонадон, шаъну шукӯҳ бахшида аҳли оиларо ҳаматарафа ба бузургӣ расонида буд, ки тарифаш то абад боқӣ монд. Шояд, дар назар ин як чизи оддию муқарари бошад. Вале, қабули хонаводаи наву кӯдакони бемодар монда ба Беназир осон набуд. Аз ин, рӯ зиндагиномаи хушдомани Муҳаббат сазовори ифтихор аст. Муҳаббат ҳам бо одоби хамидаю илму маърифат ва сариштакорияш ба холааш Беназир монанди дошт. Холааш, ки ба фарзандони шавҳар, модарӣ карда тавониста буд аз бисёр ҷиҳат, гапаш ба шавҳараш мегузашт. Хешовандони шавҳараш ӯро бисёр эҳтиром мекарданд. Дар интихоби арӯс, келини оянда ба писарбузурги шавҳараш, фикри Беназирро ҷонибдорӣ менамоянд. Ҳамин хел Муҳаббат ба хонаводаи холааш Беназир келин мешавад. Онҳо дар интихоби келин, хато накарда буданд. Муҳаббат бо рафтору ақлу хирад, як себу ду кафон ба хушдоман - холааш монанди дошт. Хусуру хушдоман аз келин ризо буданд. Дар ҷо ба ҷо кардани фарзандони дигар, Муҳаббат ёрдамчии хубе гардиду ҳамаи аҳли оила ҷо ба ҷо шуданд. ***** Бо гузашти айём, пирон, пиронагӣ кардаю рӯзгорро бо ташвишҳояш мерос гузошта яке паси дигаре ба даргоҳи ҳақ мепайванданд. Ҳар чӯҷаи маҳзуни дирӯза, имрӯз бузургу болҳои устувори худро доштанд. Ва аз гузаштагону панду хирадмандии онҳо ёдҳои ширин мекарданд. "Зиндагӣ мисли чарху фалак аст" Мароми он як хел бо мароми худ нест. Баъзан, маҷроҳое пайдо мешавад, ки хирадмандтарин инсон ҳам ранҷуру ба дод меояд. Вале, хирад шарму ҳайё, ӯро ба навҳа кашидану даст ба гиребон шудан намемонад. Чунки ақлу хирад, ҳамеша ба қувваҳои аҳреманию фитнаю дурӯғ ғолиб меояд. Фақат вақт лозим аст, ки ба хушнудӣ ҳар кор, ҷойи худро гирад. -Ҳамзамон аз андешаю хиради хирадмандон , дурӯғу фитна пайкориҳои бехирадонаи худро ҷойгир мекунад. .. Муҳаббат худ имрӯз бузургу зани батақво, гули сари сабади маракаю маҳалла, бибию бибикалони набераю абераҳост. Чун гуфтем, дунё " чарху фалак аст" . Муҳаббат ба фарзандонаш номро бо меҳр интихоб кардааст. Ӯ аз хусуру хушдоманаш шунида буд, ки ном ҳам ними давлат ва умеди волидон аст. Ҳар ном маънӣ ва бузургии худро дорад. Вақте, ки ба фарзанд номро мегузоред онро бояд ҳимоя карда тавонед. Номи бузургонро гузоштан хуб аст. Пос доштани хотири онҳо на дар ном, балки дар ҳифзу ҳимояти онҳост. Вақте ки фарзандро ба дунё меоред, ояндаи ӯро низ ба назар гиред. Ҳангоми бунёди оила, ҳамсар ҳам ба ному пайкораш мувофиқ бошад. *** Муҳаббат мехоҳад бо шунидаю пандҳои гирифтааш ба писарбузургаш, бо умеде арӯси нозанине биёрад. Вале, писарбузургаш Умед, бар хилофи орзую умеди модар, арӯсро худаш интихоб мекунад. Бо вуҷуди ин ҳама хирадмандӣ, Муҳаббат интихоби писарашро мепазирад. Ӯ ҳамин хел бо тӯйю базмҳои осмонкаф келин фароварда ба орзуяш мерасад. Баъди тӯй ба навхонадорон "Моҳи Асал" - у ба Муҳаббат ташвишҳои нав сар мешаванд. Муҳаббат келини нозанинашро ҷойи шинондан намеёфт. Ӯ ҳарчӣ зудтар мехост, бибӣ шаваду ормонҳояшро шиканад. Ба кӯдакони ҳақу ҳамсоя ширинкомаи набераи нахустинашро тақсим кунад. Ҳақу ҳамсояҳо аз келини интихоб кардаи Муҳаббати оқила, ҳайрон буданд. Ҳамсояҳо ҳақ буданд. Чунки онҳо кӣ будани Фаришта, келини Муҳаббатро хеле хуб медонистанд. Вале, Муҳаббат бо рафтору гуфтори наҷибаш ба даҳони онҳо сарпӯш буд. Муҳаббат ба гапҳои беҳудаи ҳамсояҳо бо нармию хушгуфторӣ ҷавоб медод. Мегуфт, ки агар ҳама духтари бою дороро келин кунад, бечораю дармондагонро кӣ кунад?. Ин ,тақдир асту амри илоҳӣ . Он чизе, ки мехоҳем ҳаргиз нашавад. Он чизе, ки худо хост ҳамон мешавад . Ҳамин буду гапу гапчаҳо ҳам хомӯш шуда рафтанд. Зиндагӣ маҷроӣ худро дошту "арӯс", роҳи худро. Арӯс хаппаку баъзан ҳушёрие нишон медод, ки фарзандони Муҳаббат дар ҳайрат мемонданд. Ҳатто, писараш Умед домоди таги чодар, ҳам ҳайрон мемонду ба модар мегуфт. Модарҷон, худам ҳам намедонам, ки ба ман чӣ шуда истодааст. Модар писари навдомодашро дилбардорӣ мекарду мефаҳмонд, ки ин нозҳои духтарона аст. Муддате нагузашта келин ҳомиладор мешавад. Акнун, ташвиши Муҳаббат боз зиёдтар мегардад. Муҳаббат, Муҳаббати пешина набуд. Вай гӯё аз нав ба келини хушдомандор мубаддал шудаю, хизматгори таппа -тайёри келин буд. Келин, ҳомиладорию сартторикӣ баҳона дам ба дам, талабботҳои наву дархостҳои аҷиб мекард. Муҳаббат дар назди шавҳараш, ҳамаи инро нодида мегирифту келинро тарафгирӣ мекард. Кӣ ҳоло ӯ ҷавону ба болояш ҳомила аст. Худаш ҳамаи корҳои хонаро ба дӯш мегирад. Ҳатто шустану дарзмол кардани либоси писари навхонадорашро. Хулоса, касе келинро чизе намегуфт. Баракс хоҳишашро иҷро мекарданд. Рӯзе Фариштаи ҳомила бо баҳонаи ҳавои тоза гирифтан, рӯи ҳавлӣ мебарояд. Ва ҳангоми чойники чойро ба хонааш даровардан аз дар модараш, гӯё хабаргирӣ меояд. Ӯ духтари ҳомиладорашро бо чойники чой дида, маккорона ба сӯи Муҳаббат чашмонашро песонда мегӯяд. Қудоҷон, ба одами ҳомиладор, бардорумони ин корҳо душвор. Биёед, ӯро то сабук шуданаш ба хона барам. Умедҷон метавонад тез - тез рафта хабар гирад. Муҳаббат ҳам хастаю афгор, дида ба даҳони келин мешавад, ки келинаш чӣ мегуфта бошад. Фаришта , гӯё маътали ишораи модар буд, ки ба модараш ҷавоб медиҳад. Бале, модарҷон ман бо Умед инро маслиҳат кардаам. То таваллуд шудани кӯдак бояд бо Шумо бошам. Умед ҳам шояд равад. Муҳаббат аз ин сухани келини эркааш мот мемонад. Ҳамин хел келин бо модар мераваду Муҳаббат нафаси осуда мекашад. Бо мурури вақт наберадор мешавад. Аммо, фикри дубора ба хона овардани Фариштаро намекунад. *** Муҳаббат дар ҳайёт ва зиндагӣ бори аввал шикаст хӯрдану асос доштани гапу калочаҳо ва чашм пӯшидану ҳидоятро бо дарду алам ба ҳамсояааш нақл мекард. .. Таъкид мекард, ки дунё гузарон асту ҳама гапу кори дунё гузарон. Мо ҳам мегузарему онҳо ҳам мегузаранд. Вале аз мо кардаҳоямон боқӣ мемонад. Муҳаббат писарбузургашро сарзаниш накард. Балки интихоби ояндаашро боз ба худаш вогузошт. Умед, ки ба сиру ҷодуи Фариштаю модараш гирифтор гашта буд, аввал бо ҳамсараш буданро мепазирад. Дертар аз ҳиллаву найрангҳои Фаришта безор шуда ба назди модар бармегардад, ки хеле дер шуда буд. Умедро дубора барпо кардани оила азият намедод. Балки, пиру нотавонии модари зебою хушчақчақаш ,ки дубора имконнопазир буд, азият медод. Ӯ аз худаш бисёр шарм медошт, ки модари нозанинашро қурбони ишқи аҳримании Фаришта гардонид. *** Умед ҳар боре, ки пиёларо аз дасти ларзони модар мегирифт, чашмонаш ҳавзи об мешуданд. Модар имрӯзҳо ба тифли кӯчаки писарбузургаш афсона мегӯяду худро ором мекунад. Писарбузургаш Умед аз пушаймониҳои гузашта афсӯс мехӯрад. Муҳаббат аз "Хираднома"- и хушдомани биҳиштияш, борҳо ба некӣ ёдовар гардиду гуфт: Ба фарзандон ҳаргиз ҷуфти номуносиб накунед, ки Шуморо ба пастӣ кашаду наслатонро хор кунад. Бигузор, ин рӯзгору ормоншиканиҳои ман ба дигарон дарси ибрат шавад.
    1 комментарий
    2 класса
    ❗️“Оилаи духтар хостгории писарро рад кардаанд”. Боздошти як ҷавони тоҷик бо гумони куштани дӯстдоштааш Мақомот як ҷавони 20-соларо бо гумони куштори бераҳмонаи духтари 19-солае, ки зоҳиран дӯстдоштааш будааст, дастгир кардаанд. Вазорати корҳои дохилӣ аз гумонбаршуда ном набурда, танҳо гуфтааст, ки сокини ноҳияи Зафаробод аст. Ба гуфтаи ин ниҳод, ҷавони 20-сола рӯзи 5-уми сентябр аз ҳисси рашк бинобар сабабе, ки оилаи духтар хостгории ӯро рад кардаанд, ҷавондухтари 19-соларо ба ҷои номаълуме бурда, бо корд “16 маротиба ба узвҳои ҳаётан муҳимаш зарба задааст”. Сипас, ба қавли мақомот, гумонбаршуда ҷабрдидаро ба дохили як бинои сохтмонаш нотамом дар деҳаи Логин дароварда, бо бензин оташ зада, ба қатл расонидааст. Духтар ҳам сокини ноҳияи Зафаробод бюудааст. Дар ҳоле, ки назари гумонбаршаванда ба ин қазия маълум нест, мақомот алайҳаш бо қисми 2-и моддаи 104 (одамкушӣ) парванда боз кардаанд. Ин банди қонунгузорӣ аз 15 то 25 соли зиндон ҷазо пешбинӣ мекунад. Азия плюс
    4 комментария
    11 классов
    Муяссарахон Махмудова #Якчимдиханда😂 Қумринисо имсол бо якта невараша мактабба бурдас. Мактаби хусусива, нархош нархи самолет боин. Аз таги дар дута муаллима гифта дароварда бурафта истан , Қумриниссо пурсидас… Ина гуҷова бурдоситон?… гуфта - Мо набератона имтиҳон мекуним!.. гуфтиян муаллимаҳо. Қумри ҳайрон шуда… - Э тобае, ман ина муаллимагива не, хонданба овардам, бачи ҳоли таги дари мактаби нав дидосагива имтиҳонми?…гуфта ҳайрон шудас. Баъди 45 дақиқа невараш, обу арқӣа ғӯтида буромдас. Якта муаллимаш… Ойхола, неваратон сал суст будиян. Ҳусни хаташон бенур, калимаҳои англисия кам медонан, кара карая дармонда гуфтан, шеъроям так себе мехондиян!…. гӯян, Қумриям якбора фелаш омда… - Э тобае! Мо ҳами ин гапоя а мактаб ёд гифтаги.. А, Б,В… гуфта хондана, Кашакчаю, чӯбчаю, косача гуфта, навистана.Мо неварамба додаги саволоя инистутба супурдаги. Англиси ӯсу истад, ман ӯрусию ӯзбекия то ҳолия базур гап мезанам. Шумоя ба ӯятон ин бачи ман якбора деплом ки биёд ми мактаботонба?… Бурафтим бачам, мактаби худам хондагива мери. Ӯсунатанда бошад, ҳамун мактабба хондаям олим меши!…. Гуфта невараша мактаби маҳалли худашба бурдас😂 Ана ҳамин хел гапо…
    1 комментарий
    5 классов
    Ба фикри шумо, чаро баъзе занон орзу мекунанд: «Эй кош мо ҳам мард мешудем?» 🤔 Чамолиддини Фахриддин
    26 комментариев
    9 классов
    👑🇹🇯🏆🇹🇯👑🇹🇯Ҷашни Истиқлоли давлатии Тоҷикистон муборак!Ҳамватанони азиз! Ҳамаи шуморо бо ҷашни 34-умин солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистон табрик мекунем! 🇹🇯👑🇹🇯👑🇹🇯👑🇹🇯👑 🕊Ба шумо ва наздиконатон сулҳу сафо, бахту саодат ва рӯзгори некро таманно дорем.
    6 комментариев
    13 классов
    Наҷоти як ҷавондухтар, ки худро ба дарёи Сир партофтааст Дар шаҳри Хуҷанд як духтари 26-соларо, ки худро бо қасди худкушӣ ба дарёи Сир партофт, наҷот додаанд. Ин ҳодиса рӯзи 2-юми сентябр рух додааст. Тибқи иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, ин духтарро, ки сокини кӯчаи Пахтакори шаҳри Хуҷанд будааст, наҷотдиҳандагон аз об берун баровардаанд. Ба гуфтаи манбаъ, ӯ ба беморхонаи марказии Хуҷанд интиқол ёфта, вазъи саломатиаш хуб аст. Сабаби қасди худкушӣ кардани духтар маълум нест. Мақомот ин ҳолатро тафтиш доштаанд. Манбаъ: Азия-плюс Asiaplustj.info
    2 комментария
    11 классов
    Муяссарахон Махмудова Имрӯз як наворе ба дастам афтод, ки дар он якчанд нафар занҳо арӯсро фардои тӯй ба сӯи танӯрхона бурда, ба танур таъзим кунонданд. Сипас ба ҷорӯб, сипас ба оштон, сипас ба кафгиру сурфа… ва баъд ба тамоми аъзои оила… Бовар кунед ҳуш аз сарам парид. Наход инсон то ин дараҷа паст бошад, ки ба ин чизҳо таъзим кунад. Худ таъзим кардан ин аз амалҳои ғайридини ва ғайриинсонист. Ба падару модар, ба подшоҳ… хуб ман розиям. Лекин ба мардуми оддию, ба белу каланду ҷорӯб ин аввал ахмақист, сони ин аз болои арӯс хандидан аст.( издевательство) Бечора арус хапу дам истода ба хамаи ин токат мекунад. Чи ҷоҳилият дар асри 21. Инсонҳо ба Марс мепаранд. Алгоритмҳои нав ихтироъ мекунанд. Илму техникаро меомӯзанд… лекин ҳоло ҳам дар байни мо инсонҳо ба белу каланд таъзим карда гаштиян. Боз як наворро дидам, ки арӯс дар шаби тӯйяш, дар тӯйхона ба зону нишаста ба хушдоманаш таъзим мекунад. Аз ин хел хушдоману, хешу табори беақли бефаросат духтарони худро раҳо кунед. Оқибаташ вой… Ҳодиса дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шудааст, гӯё ки ин гуна анъана бошад((( Хулосаи шумо чист?
    9 комментариев
    14 классов
    ДАР БЕМОРХОНАИ "ИСТИҚЛОЛ" ТЕЛЕФОНИ ОДАМОНРО ГИРИФТА, АЗ ҲАМЁНИ ЭЛЕКТРОНИИ ОНҲО МАБЛАҒАШОНРО БА КОРТИ ХУД МЕГУЗАРОНИД Салимов Муслимҷон, сокини 34-солаи ш.Душанбе, дар содир намудани якчанд далели ҷинояти дуздӣ гумонбар дониста мешавад. Дар натиҷаи баррасии аризаҳои шикоятӣ, номбурда аз ҷониби кормандони ШВКД-1 дар н.Фирдавсӣ дастгир карда шуд. Зимни санҷиш муайян гардид, ки Салимов М., дар беморхонаи "Истиқлол" бо ҳар баҳона телефонҳои мобилии шаҳрвандонро гирифта, тариқи пинҳонӣ аз ҳамёни электронии онҳо маблағҳои гуногуни пулиро тасарруф намудааст. Аз ҷумла, аз ҳамёни электронии Баротов Д.,15-ҳазор сомониро пинҳонӣ ба ҳамёни электронии худ интиқол дода, аз ҷойи ҳодиса фирор кардааст. Айни замон гумонбаршаванда дар ҳабси пешакӣ қарор дорад. Аз шаҳрвандон хоҳиш карда мешавад, ки агар аз ин нафар ҷабр дидаанд, тариқи рақамҳои (+992) 018-02-02-02 ба милитсияи пойтахт муроҷиат намоянд.
    1 комментарий
    8 классов
    Бо арзи эҳтиром ва самимияти беандоза ҳамаи Шумо ҳамватанони азизро, махсусан аъзоёни гурӯҳро бо ҷашни Истиқлолият таҳният мегӯям. Ҳамеша тансиҳату хонаобод бошед! Админ
    4 комментария
    17 классов
Фильтр
Закреплено
  • Класс
  • Класс
  • Класс
  • Класс
  • Класс

👑🇹🇯🏆🇹🇯👑🇹🇯Ҷашни Истиқлоли давлатии Тоҷикистон муборак!Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи шуморо бо ҷашни 34-умин солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистон табрик мекунем! 🇹🇯👑🇹🇯👑🇹🇯👑🇹🇯👑 🕊Ба шумо ва наздиконатон сулҳу сафо, бахту саодат ва рӯзгори некро таманно дорем.
👑🇹🇯🏆🇹🇯👑🇹🇯Ҷашни Истиқлоли давлатии Тоҷикистон муборак!Ҳамватанони азиз! - 5394529231018
👑🇹🇯🏆🇹🇯👑🇹🇯Ҷашни Истиқлоли давлатии Тоҷикистон муборак!Ҳамватанони азиз! - 5394529231018
  • Класс
Показать ещё