Предыдущая публикация
🌎🌐КОШОНАИ  ШАХЛО🔰🔰🌹

🌎🌐КОШОНАИ ШАХЛО🔰🔰🌹

4 сен

Махфи

Салом муҳтарам аъзоёни гуруҳ!
Ман як модаре, ки аз падари фарзандонам ҷудо шудааму айни ҳол фарзандонам дар тарбияи банда ҳастанд. Шукрона аз он мекунам, ки ба фикри шахсии худам, хуб аз уҳдаи тарбияи фарзандон баромада истодаам. Онҳо алаккай хонандагони синфҳои болоӣ ҳастанд.
Шукрона аз фазои озоду ободи кишвар, ки ба мо - бонувон ҳамаи шароитҳоро фароҳам овардааст. Сипос ба муҳтарам президенти кишвар - Эмомалӣ Раҳмон, ки дар сиёсати давлатӣ ба занон баробарҳуқуқӣ бо мардон додаанд. Маҳз ҳамаи ҳамин шарту шароитҳо ҳастанд, ки имруз занон на танҳо ба ҳайси коргари қаторӣ, балки дар вазифаҳои калидӣ низ кору фаъолият доранд. Имрузҳо то ҳатто духтарони деҳоти дурдаст кушиш мекунанд, ки аввал соҳиби ягон касб ё кор шаванду, пас ба ҳаёти мустақилона қадам гузоранд.
Аммо....
Вале......
Лекин.........
На ҳамаи падару модарон ба духтарон иҷозати касбомузиву таҳсил дар макотиби олиро медиҳанд. Муттаассифона, имрузҳо ҳам кам нестанд нафароне, ки аз руи гуфтаи "духтара чиву хонданаш чӣ" амал мекунанду, духтаронро пас аз хатми мактаби миёна оиладор мекунанд.
Натиҷа: духтар (аксаран) аз уҳдаи кори рузгор намебарояд; дар давоми як сол алаккай соҳиби фарзанд мешаваду дигар дасташ ба кори хона намерасад; пас аз таваллуди фарзанд таънашунав мешавад, ки "худаш як нонхури тайёр буд, ҳоли бо сағераш дарди сар(бо чашми сар дидаму бо гуши сар шунидам); вақте аз уҳдаи тарбияи фарзанд ва рузгор намебарояд, аз як тараф агар аз тарафи хушдоману қайсингулҳо таънашунав мешаваду зери фишори руҳӣ қарор мегирад, аз тарафи дигар зери фишори ҷисмонии шавҳар қарор мегирад; духтар ё безор аз чунин зиндагӣ мешаваду баромада меравад, ё даст ба худкушӣ мезанад ва ё бо фарзандонаш якҷоя худро нобуд мекунад. Вақте баромада рафт номаш дар ҷамъият ба қавле "бева" мешавад. "Бева" агар соҳиби маълумот ҳам шаваду кори давлат кунад, таънааш мекунанд, ки "ҳоли ком бевае ай шуш меброя малима мешава"(ҳамин гапро имсол дар мактаб аз як падар шунидаму хеле маҳзун шудам, гарчанде, ки пеш аз ҷудо шудан ҳам ба ҳайси омузгор кору фаъолият доштам) . Агар дар ягон ҷо фаррош, пешхизмат ва ё ягон кори дига ҳам кунад, мегуянд "бева ай шуш бромадаю бераҳа шидай, аку дар байни мардакҳо " клиент" мекова.
Чӣ бояд кард?!?!?!?!
ХИТОБ БА ҲАМАИ ПАДАРУ МОДАРОН:
1. ДУХТАРОНАТОНРО СОҲИБИ КАСБУ КОР КУНЕД ВА БАЪДАН БА ШАВҲАР ДИҲЕД!
2. ЯГОН ЗАН АЗ ЗИНДАГИИ ТИНҶУ ОСУДА БАРОМАДА НАМЕРАВАД!
3. АЗ ШАВҲАР ҶУДО ШУДАН МАЪНОИ ОНРО НАДОРАД, КИ МАҲЗ ДУХТАРАТОН ГУНАҲКОР АСТ!
4. ДУХТАРОНАТОНРО САРОБОН ШАВЕД, АГАР ХУДО НОХОСТА ХОНАВАЙРОН ШУДАНД!
5. КУШИШ НАКУНЕД, КИ ПАС АЗ ХОНАВАЙРОН ШУДАН ҲАРЧИ ЗУДТАР ДУХТАРАТОНРО ДУБОРА ОИЛАДОР КУНЕД!!!
Чанд вақт боз изҳори ақида кардани будам, лекин худдори мекардам. Аммо воқеаҳои мудҳиши тобистони имсол намонданд, ки боз ҳам бетараф бошам: модар бо чор фарзанд худашро ба дарё партофт; модар се фарзандашро бо корд кушт; ҷавонзане худашро ба дор кашид; ҷавонзане худашро алов зад ва ғайра ва ҳоказо......
Вақте ҳамин саҳар навори духтаракеро, ки падарандар озор медиҳад, тамошо кардам, косаи сабрам лабрез шуд........
Итминон дорам, ки аксари корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ бо ман ҳамфикранд🙏🙏🙏🙏
Боқӣ Худованд ба ҳамаи мову шумо тавфиқу имони мустаҳкам насиб кунад, омин 🤲🤲🤲

Комментарии 5

Музафар Рахимов
Музафар Рахимов
Омин худованд хидоят кунад мардуми точикро❤️
5 сен
  • Нет комментариев
    Новые комментарии
    НАБИҶОН РАУФОВ
    НАБИҶОН РАУФОВ
    Аз касбу хунар дида тарбияи хуб диханд болотар АСТ. Хозира хо бади Хони шавхар рафтан шавхар у хушдоману амак ба условий худаша мемораду МАН хизматгор ми ма Фалон ми чунон гуфта
    Бехтар мешавад тарбияи хуб диханд аввал гап нагардон болои шавхар пасту баланди зиндаги мешавад сабр кун гуянд
    Холи хеч чо хеч гап не тарифы духтар хама чо рафта макул набошад духтаромаоя Грон мерим мегуд сони чудо де
    5 сен
  • Нет комментариев
    Новые комментарии
    А Назарова
    А Назарова
    5 сен
  • Нет комментариев
    Новые комментарии
    Урунбек Субхонов
    Урунбек Субхонов
    Пешниходи оличанобона, хунар алалхусус барои духтарбача манбаи ризку рузии у ва оилааш мешавад, дигар ин ки дониши равониро мелмузаду, худо нишон надихад, зимнисахтии хаеташ ба худкушии худу фарзандонаш даст намезанад!
    5 сен
  • Нет комментариев
    Новые комментарии
    Хуснора Ком
    Хуснора Ком
    Наход мобайни мо хам одамони бошууру бофарханг мисли шумо бошад, сари таьзим мефурорам👏аз модари бофарханг фарзанди боаклу бофарханг ба воя мерасад💯
    6 сен
  • Нет комментариев
    Новые комментарии
    Новые комментарии
    Для того чтобы оставить комментарий, войдите или зарегистрируйтесь
    Следующая публикация
    Свернуть поиск
    Сервисы VK
    MailПочтаОблакоКалендарьЗаметкиVK ЗвонкиVK ПочтаТВ программаПогодаГороскопыСпортОтветыVK РекламаЛедиВКонтакте Ещё
    Войти
    🌎🌐КОШОНАИ  ШАХЛО🔰🔰🌹

    🌎🌐КОШОНАИ ШАХЛО🔰🔰🌹

    ЛентаТемы 41 392Фото 21 308Видео 1 347Участники 24 950
    • Подарки
    Левая колонка
    Всё 41 392
    Обсуждаемые

    Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного

    Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.

    Зарегистрироваться