Предыдущая публикация
🌎🌐КОШОНАИ  ШАХЛО🔰🔰🌹

🌎🌐КОШОНАИ ШАХЛО🔰🔰🌹

18 апр

ЯТИМДУХТАР

Қисми 7.
Нонро шикаста дар назди ҳарду тақсим кардам. Бунафша ҳамоно сархам менишаст.
- Хӯрока гиред, хунук нашавад, - гуфтам.
Бунафша сар ҷумбонду хомӯш нишаст, иштиҳои ман ҳам пас гашт.
- Мешинем ҳамин хел?
- Ба шумо ҳам арзи дил кардам, чаро хомӯшед?
- Рости гап, чӣ гуфтанамро намедонам.
- Гӯед, ки хостгорҳоро мефиристед. Вагарна дар назди модару дугонаам шарманда мешавам.
Қадаҳи майро гирифта баякборагӣ нӯшидам. Шикам гурусна буд магар, ки то куҷо расиданашро эҳсос кардам.
- Охир нӯшидед! - гуфт духтар сар бардошта.
- Барои ҷасорат, - гуфтам, - Шумо маро дар вазъияти ногувор гузоштед. Суханоне, ки шумо гуфтед, ман бояд ба забон меовардам... Ман табиатан тарсу ҳастам, ҳатто аз муш метарсам... Лоф мезанам, лекин ҷуръат надорам. Шумо мехоҳед тақдири худро бо ман пайвандед? Омӯзгор ҳастам ва дар таъмини талаботҳоятон дасткӯтоҳам, маоши ночиз мегирам.
- Тиҷорати падарамро соҳиб мешавед.
- Ман куҷову тоҷирӣ куҷо? Хайр, мефаҳмам кам-кам... Шояд...
- Чӣ шояд?
- Як бор андеша кунем.
- Андеша кунед, фурсатамон бисёр. Волидонам дар интихоби шавҳар ба ман озодӣ додаанд, ман интихоб кардам. Имрӯз хостгор ояд, пагоҳ тӯй! Метарсам, ки фардо шуморо дигарон соҳибӣ мекунанд.
- Рафта бо волидонам маслиҳат мекунам, ҳамдигарро меомӯзем, шитобкорӣ чӣ лозим?
- Ба ман бовар надоред?
- Не, чаро? Бовар дорам албатта, ман шумо барин духтарро орзу доштам, - беихтиёр дастам рӯи зонуҳои духтар лағжид. Бунафша курсиашро дуртар кашид.
- Май таъсир кард магар?
- Шумо маро маст кардед. Чӣ буд шиори ҳардуямон? Май хурӣ бо лох лолах... лолахурон хур...
- Лоларухон хур!
- Ҳамин тавр гуфтанӣ будам.
- Май фариштаро ба иблис мубаддал мегардонад.
- Аллакай маро бад дидед?
- Не, шуморо дар ҳама ҳолат дӯст медорам.
- Шабона хуррак кашам-чӣ?
- Биниатонро мепучам.
- Ба духтарҳои бегона нигарам-чӣ?
- Чашмонатонро кофта дар кисаатон мехалам.
Не, ба ин духтар ошиқ нашудан имкон надорад.
- Ин қадар вақт дар куҷо будед? Чаро ман шуморо пештар надидам?
- Хӯрок сард шуд.
- Хӯрокашро пешхизмат хӯрад, ман шуморо мехӯрам.
- Маст шудед, канӣ, яклуқмагӣ гирем, - Бунафша қошуқро гирифта хӯрокро ба даҳонаш бурд, - хеле бомазза пухтаанд.
- Маро ҳам хӯронед, - гуфта даҳонамро кушодам.
Пораи калони гӯштро гирифта дар даҳонам андохт.
Чунин вонамуд мекардам, ки сархуш гаштаам, аммо ҳамаи рафтору ҳаракатҳои духтарро назорат мебурдам. Рӯ ба рӯям нишаста бо иштиҳо хӯрок мехӯрд, дар ҳақиқат духтари хуб...
Шикамҳо сер шуданд, пешхизматро даъват намуда ҳисобӣ кардам ва дар дасташ "барои хизматаш" пул додам.
- Ман пештар меравам, дар барам калавида роҳ нагардед, - гуфт Бунафша, - ба хона расидан ҳамон занг занед.
- Рақаматонро надорам.
- Дар модаратон ҳаст.
- "Модаратон" не, "модарамон".
- Хуб, модарамон, - Бунафша назди парда рафта дасташро алвонҷ доду берун шуд.
"Тухми пӯстканда барин сафеду мулоим, агар ҳамсари аввалам гардад, дуюмаш аниқ Дилбар мешавад, ҳардуяшро баробар ва якранг дӯст медорам".
Ба хона расида аз модарам рақами Бунафшаро пурсидам.
- Чӣ кор мекунӣ?
- Гуфт, ки ба хона расам, занг занам.
- Эҳее, "ҳисобот додан сар шуд" гӯй, - хандид падарам.
- Сар шуд.
- Хӯш, арӯс маъқул шуд?
- Тухми пӯстканда барин.
Падарам қаҳқос зад, модарам бошад:
- Шарманда, ин чӣ гап? - гуфт, - сар шуд гапҳои бемаънӣ?
- Имрӯз нӯшидам, барои ҷуръат... ҷасорат...
- Ман худам хабари омаданатро мерасонам, - гуфт модарам, - камтар хобида ҳушёр шав.
- Саломи маро расонед.
- Ту аниқ ҳамроҳаш будӣ?
- Ҳамроҳаш будам.
- Боз саломатро расонам? Баҳс накардӣ, наранҷондӣ, муаллим?
- Муаллим буданамро таъна накунед.
- Даро, хоб кун!
Бегоҳ дар сари дастурхон мавзӯъи сӯҳбат аз тӯй буд, то ман низ ин масъала муҳокима шуда буд магар, ки Фотимаву Зӯҳро кадом шеърро дар тӯй бояд қироат кунанд, маслиҳат доштанд.
- Бо худи Бунафша ҳам гап задам, чунон ширинсухан, ки... - гуфт модарам, - мехоҳӣ дар барат нишаста соатҳо сӯҳбат кунад.
- Даъват кунед ва сӯҳбат кунед, - гуфтам, - дар ҳақиқат мулоимсухан. Аммо аз доираи мо не.
- Доираи ту чӣ хел? - пурсид падарам, - чор кунҷ дорад?
- Падараш депутат, аз мо кӣ депутат?
- Ту ифтихор кун, ки муаммоҳои ноҳияро хусури ояндаат дар вилоят баррасӣ мекунад.
- То ин дам чанд муамморо ҳал кард?
- Ҳал кардан шарт нест, ба шарофати ӯ дар вилоят медонанд, ки ноҳияи мо кадом муаммоҳоро дорад.
- Бе ӯ ҳам ҳама медонад.
- Падараш ин ҷо чӣ дахл дорад? - пурсид модарам, - шахси обрӯманд, ҳама ӯро эҳтиром мекунанду мешиносанд.
- Ман шахсан ӯро намешиносам.
- Панҷ сол дар Хуҷанд будӣ, аз куҷо мешиносӣ?
- Вай ҳафт сол боз депутат...
- Ту боз сар кардӣ? Аз хоб пӯстинро чаппа пӯшида бедор шудӣ? Аз наздаш омадӣ, маъқул буд-ку?
- Духтарро ман бад нагуфтам.
- Ту бо Бунафша зиндагӣ мекунӣ, бо падараш не.
- Нафаҳмидам, кӣ будани волидони Дилбарро магар шумо напурсидед?
- Дилбаратро фаромӯш кун, - гуфт падарам, - дар назди Бунафша аз боби ӯ ҳарф назан.
- Ман аллакай гуфтам. Гуфтам, ки маъшуқа дорам, розӣ шуд.
- Ту ҳоло ҳам сархуш ҳастӣ? - модарам теғ кашида ба ман нигарист, - дар назди модарат шарм намедорӣ? Дилбар ба ту касе нест, ҳатто маъшуқа буда наметавонад. Бо маоши мактаб маъшуқабозӣ мекунӣ?
- Имрӯз аллакай маротибаи дуввум мешавад, ки касбу маошамро мегӯед.
- Касби бемаошро худат интихоб кардӣ? Гуфтам Донишгоҳи тиҷоратро хон, якравӣ кардӣ. Имрӯз... Ана, Бунафшаро гир, ҳам падараш кӯмак мекунад, ҳам ман.
- Дилбарро гирам кӯмак намекунед?
- Мард бояд рӯзғори оиларо таъмин карда тавонад. Чӣ ҳунар дорад Дилбар?
- Дар шаҳр кор нест, дар деҳа аз куҷо?
- Ту бисёр чизҳоро намедонӣ, фақирӣ дарди сахт аст, писарам, табобат кардан мушкил. Ту гӯштро монда аз устухон гирифтан мехоҳӣ.
Аз суханони падарам ба хулоса омадам, ки шароити бади оилаи Дилбарро аз аммаам шунидааст. Кай гуфта бошад? Ҳангоми дар вохӯрӣ буданам?
- Ин дафъа рӯзи якшанберо мунтазир нашав, - гуфт падарам, - занг зан, Бунафшаро ба вохӯрӣ даъват кун, ба Хуҷанд бар. Ҳар қадар ҳамроҳаш бештар гардӣ, ҳамон қадар меҳрат афзун мешавад.
- Ман танҳо рӯзи якшанбе истироҳат дорам.
... Соати аввали дарсро гузашта дар хонаи муаллимон танҳо менишастам. То соати панҷуми дарсӣ ягон машғулият надоштам. Махкамовна соати дарсҳоро мувофиқи табъи худ ва дугонаҳояш гузоштааст. Вагарна имконият буд, тамоми дарсҳоямро дар ду ё се рӯз гузашта, рӯзҳои боқимонда истироҳат кунам. Аз бекорӣ рӯи ҳавлӣ баромада ба бехи гулу буттаҳо об рехтам. Ба қитъачаи "махфӣ"-и бобои Дилбар низ об рехтам. Дар сояи дарахт, ҷое, ки бо посбон рӯзе сӯҳбат доштем, нишаста аз Дилбар меандешидам, ки бо ҳамроҳии як муаллима ғарқи сӯҳбат худаш омад. Маро дар даруни полиз дида:
- Монда набошед, деҳқон - бобо, - гуфт ва роҳашро идома дода ҳамроҳи муаллима ба бинои асосӣ даромад. Дақиқае нагузашта муаллима баргашта омад ва маро гуфт, ки назди "Махкамовна равам".
Дилбарро даъват кард, ҳозир барои ягон гуноҳаш сарзаниш мекунад, ё хабари хостгорҳоро шунидааст.
Дар утоқ ҳарду менишастанд, Дилбар низ дар ҳаяҷон буд.
- Муаллима Болтаеваро даъват кунед, - гуфт ба муаллимае, ки маро аз берун даъват карда буд.
- Болтаева дар синфи ёздаҳ дарс доранд, - гуфтам, - соати якум аз ман буд.
- Даъват кунед, - такрор кард Махкамовна.
То омадани Болтаева касе ҳарфе назад, ҳама хомӯш будем. Дилбар низ ором навиштаҷоти деворро мехонд. Ниҳоят Болтаева омаду аз Махкамовна иҷозати ворид шуданро пурсид.
- Марҳамат духтарам, даро ва дарро аз пасат пӯш.
Болтаева дарро пӯшиду наздиктари муаллима рафт.
- Дина дар шаҳр будӣ? - пурсид Махкамовна.
- Будам. Ба сайругашти боғ рафтем.
- Ҳамин муаллими нава дар боғ дидӣ?
- Дидам.
- Бо кӣ буд?
- Бо духтари депутат.
- Духтари депутат шавҳар дорад?
- Не, ҳоло тӯй нашудааст.
- Ягон масъалаи муҳимро ҳал мекарданд?
- Намедонам, тасодуфан дидам, ки ҳарду пасопеш ба тарабхона даромаданд.
- Шояд ҳамроҳ ба ресторан нарафта бошанд?
- Ҳамроҳ сӯҳбат карда то тарабхона рафтанд, сипас духтар аз пеш ва муаллим аз қафояш вориди ресторан шуданд.
- Шумо озод, равед, - гуфт Махкамовна ва сипас ба ман рӯ овард, - ягон илова доред муаллим?
- Чиро илова кунам? Дар ҳақиқат ҳамин хел буд.
- Шунидӣ-а? - ба Дилбар муроҷиат кард Махкамовна.
- Шунидам, - гуфт Дилбар, - лекин нафаҳмидам, ки чаро маро даъват кардед?
- Кӣ будани муаллима донистӣ?
- Ҳар кас ҳаёти шахсии худро дорад, муаллимро ҳангоми таҳсил муҳокима кунем?
- Муаллим ҳам бекор, ману ту ҳам, ягон чӣ гуфтанӣ дорӣ ба муаллим?
- Офарин муаллим, - Дилбар ором ба ман нигарист, - ягон рӯз фурсат шавад, маро ҳам даъват кунед.
- Албатта, - гуфтам, - ин дафъа навбати шумо.
- Ҳой аҳмақ, - шӯрид Махкамовна, - чашмонатро кушову бо кӣ муносибат доштанатро бин. Муаллим туро сари ҳар қадам фиреб медиҳад.
- Бигузор фиреб диҳад, ба шумо-чӣ? Маро то имрӯз касе фиреб надода буд? Минбаъд фиреб намедиҳад? Ман ҳамин муаллима дӯст медорам, хоҳ хуб гӯянд, хоҳ бад, - Дилбар бархосту рафт.
- Ту Дилбара ҷоду кардӣ! Дар мағзаш ҷо шудӣ, - гуфт Махкамовна, - Туро ба милиса медиҳам. Ба домони покаш даст задӣ, пагоҳ таваллуд кунад, баъд аҳволатро бин.
Хомӯш ба симояш нигариста истодам, гӯё суханони вай ба ман дахл надошт. Девона мешуд, аммо сиррашро ошкор намекард.
- Ман равам? - пурсидам оромона.
- Дафъ шав, лекин ба Дилбар наздик нашав.
Медонистам, ки Дилбар ба хонааш баргаштааст, барои таскин ва шарҳи ҳодиса рафтам. Дарчаашро кӯфтам, ки берун баромад.
- Лекин аммаро хуб танбеҳ додем, - гуфт Дилбар хурсандона.
Гумонам хато баромад, баёноти ман дар бораи вохӯриам бо духтари депутат лозим нашуд.
- Шумо то ин дам танҳо як тарафи тангаро медидед, - гуфт Дилбар, - фурсаташ расид ба тарафи дигараш низ нигаред.
- Шояд ба хона дароем?
- Ба сояи девор меравем, ман духтари депутат нестам.
Ҳамроҳ ба сояи девор гузаштем.
- Аз рӯи нақли модарам...
- Шумо бо модаратон алоқа доред?
- Доштам, то маргаш. Синфи ҳаштум мехондам, рӯзе пас аз таҳсил ба хона бармегаштам, ки зане маро аз байни ҳамсинфонам як сӯ даъват кард. Ақл надоштам, наздаш рафтам. "Дилбарҷон" гуфту маро ба оғӯш гирифт. Дар ҳайрат шудам, ки ӯ кист? Гуфт, ки ба ман гапи муҳим дорад. Ҳамроҳ паси мағоза гузаштем. Хонае, ки дар рӯ ба рӯи дарвозаи мактаб воқест, пештар мағоза буд. Гуфт, ки модарам мешавад ва дар ду саҳифа мактуберо дар дастам дод. Ду гӯшвора ва ангуштарии дасташро гирифту дар кафам гузошт. "Инро пинҳон кун, барои рӯзи тӯят" гуфт.
- Мактуб канӣ?
- Мазмунашро шарҳ медиҳам.
- Лозим не, канӣ худи мактуб?
- Барорам?
- Ман бояд вайро хонам.
Дилбар ба кулбачааш даромад ва бо як китоби кӯҳна баргашт. Аз дохилаш як коғази дусаҳифадори дафтарро бароварда дар дастам дод.
- Инро зери борон хондед? - гуфтам саҳифаро кушода.
- Зери борони ашк...
(давом дорад)
Муаллиф: Ю.Ашӯров
Таҳиягар: М.Усупов

Комментарии 2

Шамсулло Сафаров
Шамсулло Сафаров
Бехтарин киса дастатон дардро набина давомаша интизорем
18 апр
  • Нет комментариев
    Новые комментарии
    Ne Ver
    Ne Ver
    Бехтарин киса Худованд баракататон дихад.
    Чикад хуб чунин групаи бехтарин дорем.
    18 апр
  • Нет комментариев
    Новые комментарии
    Новые комментарии
    Для того чтобы оставить комментарий, войдите или зарегистрируйтесь
    Следующая публикация
    Свернуть поиск
    Сервисы VK
    MailПочтаОблакоКалендарьЗаметкиVK ЗвонкиVK ПочтаТВ программаПогодаГороскопыСпортОтветыVK РекламаЛедиВКонтакте Ещё
    Войти
    🌎🌐КОШОНАИ  ШАХЛО🔰🔰🌹

    🌎🌐КОШОНАИ ШАХЛО🔰🔰🌹

    ЛентаТемы 41 386Фото 21 308Видео 1 347Участники 24 951
    • Подарки
    Левая колонка
    Всё 41 386
    Обсуждаемые

    Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного

    Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.

    Зарегистрироваться