Ҷабҳаи халқӣ барои озодии Фаластин бо нашри баёнияе дар вокуниш ба қатли фаластиниён, ки мунтазири кӯмакҳои башардӯстона буданд, эълом кард, ки наслкушӣ дар Ғазза бо ҳамдастии неруҳои байналмилалӣ ва ширкати мустақими Амрико анҷом мешавад.
Ба гузориши хабаргузории маркази иттилоърасонии Фаластин, Ҷабҳаи халқӣ барои озодии Фаластин дар ин баёния бо ишора ба ҷинояти тозаи режими саҳюнистӣ дар ҳамла ба фаластиниёни мунтазири кӯмак дар Ғазза гуфтааст: қатли оми нави гуруснагон дар минтақаи «Рафаҳ» як ҷинояти наслкушӣ бо ҳамдастии неруҳои байналмилалӣ ва ширкати Амрико аст. Ҳодисаи рухдода як ҷинояти ҷангии комил аст ва бори дигар моҳияти тарҳи саҳюнистӣ бар пояи наслкуширо ошкор мекунад.
Дар идомаи баёния омадааст: мо борҳо ҳушдор додаем, ки роҳҳои ба истилоҳ «коридорҳои башардӯстона» ҷуз як абзори ҷинояткорона дар ҷанги пайвастаи наслкушӣ нестанд.
Ҷабҳаи халқӣ барои озодии Фаластин таъкид кард: мо хостори мудохилаи фаврии ҷомеаи ҷаҳонӣ ва кишварҳои араб барои қатъи ин қатли оми пайваста, татбиқи механизмҳои сахти муҳокимаи режими ҷинояткори саҳюнистӣ ва бардоштани муҳосираи Ғазза ҳастем.
Дар ҳамлаи низомиёни ишғолгари саҳюнист ба гурӯҳе аз шаҳрвандони фаластинӣ, ки ба самти нуқтаи тақсими кӯмакҳои инсонӣ, ки ба як ширкати амрикоӣ марбут буд, дар минтақаи «Мавосӣ» дар ғарби Рафаҳ ҳаракат мекарданд, ҳадди ақал 30 фаластинӣ шаҳид ва беш аз 150 тани дигар захмӣ шуданд. https://tajikpress.com/2025/06/01/%d1%84%d0%b0%d0%bb%d0%b0%d1%81%d1%82%d0%b8%d0%bd-%d2%93%d0%b0%d0%b7%d0%b7%d0%b0-%d0%b0%d0%bc%d1%80%d0%b8%d0%ba%d0%be-4/
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 1