Шод ҳар фарди замон аст, шукри Истиқлоли меҳан.
Шеъри шодӣ гашта пайдо, хандаи ширин ҳувайдо
Дар лабони тифлакон аст, шукри Истиқлоли меҳан.
Сад чаман гулпӯш гашта, қалбҳо дар ҷӯш гашта,
Чун баҳори бехазон аст, шукри Истиқлоли меҳан.
Бо тамоми нозу неъмат бар тамоми халқи дунё,
Тоҷикистон мизбон аст, шукри Истиқлоли меҳан.
Сад Самарқанд як Хуҷанд аст, сад Бухоро як Душанбе.
Кишварам ҳусни ҷаҳон аст, шукри Истиқлоли меҳан.
Дар тамаддун пири даҳр аст, дар амирӣ мири дунёст,
Гарчи як мулки ҷавон аст, шукри Истиқлоли меҳан.
Базми миллат пуршукӯҳ аст, шод қалбу ҷону рӯҳ аст,
Шодии мо ҷовидон аст, шукри Истиқлоли меҳан .
Андар ин базми Худодод дар миёни мардуми шод
Ҳотамӣ ҳам байтхон аст, шукри Истиқлоли меҳан.
Ғайратҷон Ҳотамӣ
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев